Ифтитоҳи расмии Кинофестивали «Дидор» дар фазои бошукӯҳ баргузор гардид
Душанбе, 17.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими расмии ифтитоҳи Кинофестивали VII байналмилалии «Дидор» дар фазои бошукӯҳу сатҳи шоиста баргузор гардид.
Кинофестивали байналмилалии «Дидор» дар ду сол як маротиба баргузор мегардад ва навбати ҳафтуми он ба ду санаи таърихӣ мувофиқ омад- яке 25- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дигаре 85- солагии кинои тоҷик.
Мушовири Ёрдамчии калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадшариф Бобошозода ба меҳмонону иштирокдорони кинофестивал, ки аз кишварҳои Русия, ИМА, Эрон, Афғонистон, Арманистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Муғулистон ва соири кишварҳои дуру наздик омада буданд, барқияи шодбоширо аз номи Сарвари давлат қироат намуда, хуш омадед гуфт.
Раиси кумитаи тадорукоти кинофестивали байналмилалии «Дидор», раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён зикр кард: «Боиси хурсандист, ки кинофестивали «Дидор» сол то сол дар миқёси минтақа ва кишварҳои шарқ нуфузи бештар касб мекунад. Барои мо шараф аст, ки чунин ҳайати бонуфузи синамогаронро дар сарзамини қадимаи тоҷикон пазироӣ мекунем».
Бояд гуфт, ки кинофестивали VII байналмилалии «Дидор» то 20 октябр идома меёбад ва дар ин рӯзҳо дар толорҳои (хурду бузург) кинотеатри «Зебуннисо» филмҳои барои фестивал пешниҳодшуда ба тариқи ройгон намоиш дода мешаванд.
Дирӯз то оғози расмии кинофестивал филмҳои «Братан», «Ҳар яке», «Инсайт», «Арӯси замонавӣ», «Сафари ҳавоӣ» дар толори бузурги кинотеатри «Зебуннисо» нишон дода шуда, имрӯз намоиши филмҳои «Коса», «Будан», «Проектор», «Тирамоҳи ҷодугар», «Субҳ ва як рӯз дар пеш», «Ҳастӣ», «Кеч», «Бачаҳои перешон», «Дидгоҳ», «Атлан», «Муроқибат аз ҷунос» ва «Духтар» дар толори хурди кинотеатри «Зебуннисо» баргузор мегарданд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






