Имрӯз дар шаҳри Душанбе бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё (U-19) байни бонувон оғоз меёбанд
Душанбе, 27.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз имрӯз сар карда, дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё байни бонувони то 19-сола шурӯъ мегарданд, ки дар он дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Тайбейи Чин ва Гонконг ширкат меварзанд.
Дар нишасти матбуотӣ мураббиёни дастаҳо ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб дода, гуфтанд, ки ба Душанбе барои роҳхат гирифтан ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё-2017 ҳозир шудаанд.
Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Қаноат Латифов, ки пеш аз мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Тошканд бо номи КАФА КАП ба вазифаи сармураббигӣ таъйин шудааст, машқҳоро дар шаҳри Душанбе идома дода, духтаронро ба мусобиқаи интихобӣ омода кардааст.
«Мақсади мо нишон додани бозии зебо дар назди мухлисон ва таҷриба андӯхтан аз ҳарифони соҳибтаҷриба мебошад» -мегӯяд Қаноат Латифов.
Сармураббии дастаи мунтахаби бонувони Ӯзбекистон- Анвар Норсафаров, Гонконг- Ли Мин Фан ва Тайбейи Чин- Чен Я Лин дар бораи дастаҳои гурӯҳи «Б» сухан ронда, зикр карданд, ки ҳар як даста имкони хуби ба даври дигар баромаданро соҳиб аст ва мубориза барои як роҳхат аз гурӯҳ ба даври ниҳоӣ пуршиддат хоҳад гузашт.
Анвар Норсафаров, сармураббии дастаи мунтахаби бонувони Ӯзбекистон солҳои 80-уми асри гузашта тақрибан ду мавсим дар ҳайати дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар Чемпионати Лигаи дуюми Иттиҳоди Шӯравӣ ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ мухлисони футболи Тоҷикистонро хуб медонад ва эҳтиром мекунад.
Ба ҳамин тартиб, имрӯз дар соати 14 дар Варзишгоҳи марказии пойтахт вохӯрии дастаҳои мунтахаби Гонконг бо Тайбейи Чин ва соати 17 Тоҷикистон бо Ӯзбекистон баргузор мегардад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






