Кӯлоб: маданияти суғуртакунонӣ боло меравад

Октябрь 20, 2016 13:42

Кӯлоб,  20.10.2016  /АМИТ «Ховар»/. Аз  оғози соли 2016 то имрӯз аз ҳисоби суғуртаи ихтиёрӣ 168 ҳазору 515 сомонӣ ва суғуртаи ҳатмӣ 343 ҳазору 993 сомонӣ ба буҷаи Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» ворид гардид, ки дар маҷмӯъ маблағи воридшуда 512 ҳазору 508 сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин давра бо 143 нафар шаҳрвандон шартнома ба имзо расида, 113 ҳазору 585 сомонӣ ҷуброни суғурта карда шуд. Иҷрои нақшаи суғуртаи ҳатмӣ 104, 4 фоиз ва суғуртаи ихтиёрӣ  115, 9 фоизро ташкил намуд, ки  нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд мебошад.
Зимни суҳбат бо Азизуллои Аъзам, сардори намояндагии КВД «Тоҷиксуғурта» дар шаҳри Кӯлоб аён гардид, ки дар шароити имрӯза маданияти суғуртакунонӣ ва ҳамкорӣ бо  мардум боло рафта, шумораи шахсоне, ки ба суғуртаи ихтиёрӣ ҳамроҳ мешаванд, нисбат ба солҳои пешин афзудааст.
Сари вақт суғурта намудан ба рӯзгори мардум манфиат меорад. Бо назардошти ин ҳолат  масъулин ният доранд корҳои таблиғотиро миёни омма бештар намоянд ва  онҳоро ба зиндагии ободу осуда роҳнамоӣ кунанд.

Октябрь 20, 2016 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик