Карим Масимов: «Мубориза бар зидди терроризму экстремизм фаъолияти дастаҷамъона мехоҳад»
Душанбе, 24.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Мубориза бар зидди терроризму экстремизм рисолати на танҳо хадамоти махсуси як давлат аст, балки бо ин зуҳуроти номатлуб бояд дастаҷамъона мубориза бурд». Дар ин бора раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимов баъди мулоқот бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон изҳор намуд.
Раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон зикр кард, ки: «зимни мулоқот бо Пешвои миллат масъалаҳои вобаста ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳои ин минтақа, инчунин амнияти миллӣ ва ҳамкории муштарак миёни ҳарду кишварро баррасӣ намудем».
Ба ақидаи Карим Масимов, хадамоти махсуси ҳарду кишвар бояд барои мубориза бар зидди ин хатар тамоми воситаҳоро истифода баранд.








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






