Кинемографияи миллӣ-дирӯз, имрӯз ва фардои он
Душанбе, 25.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Рӯзҳои кинои Русия дар Тоҷикистон дар Кинотолори «Зебунисо» бо иштироки синамогарону мутахассисони тоҷик ва меҳмонони Рӯзҳои кинои Русия дар мавзӯи «Кинемографияҳои миллӣ- дирӯз, имрӯз ва фардо» ҷамъомад баргузор гардид.
Дар ҷамъомади мазкур синамогарон зикр карданд, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар якҷоягӣ нақшофарӣ ва банаворгирии филмҳо аз ҷониби ҳунармандони тоҷику рус хеле кам ба назар мерасад ва барои аз байн бурдани ин ҳолат мо бояд ҳамкории дуҷонибаро пурқувваттар намоем.
Таъкид шуд, ки маҳз баргузории чунин барномаҳо ва намоиши филмҳо метавонад барои вусъат додани пешравиҳо дар соҳаи кинои ду кишвар мусоидат намояд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои кинои Русия дар Тоҷикистон аз 23 то 28-уми октябр дар Кинотолори «Зебунисо» давом меёбад ва имрӯз намоиши филмҳои «NO COMMENT» ва «ОТАШАКҲОИ ДЕҲАИ КАЛОН» дар назар дошта шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






