Конфронси илмӣ-амалӣ ба мавзӯи «Фалак» бахшида мешавад
Душанбе, 5.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябри соли равон дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Фалак»-падидаи барҷастаи фарҳанги ғайримоддии мардуми тоҷик» баргузор мегардад.
Конфронс бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Тавре аз Вазорати фарҳанг ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар конфронс дар мавзӯъҳои «Фалак» дар чорчӯбаи мусиқии асили нимпардагӣ», «Иҷрои «Фалак» дар дастаҳои ҳунарии созӣ», «Пажӯҳиши «Фалак» дар Тоҷикистон», «Мақоми сози ғижжак дар «Фалак», «Нақши «Рӯбоӣ» дар мусиқии халқӣ ва классикӣ», «Силсилаи лаҳнии «Фалак» ва «Мақоми «Фалак» маърӯзаҳо шунида мешаванд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






