Лоиҳаи нав оид ба таъмини бехатарии об дар деҳоти Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Душанбе, 25.10.2016/АМИТ «Ховар». Лоиҳаи «Манбаъҳои хурд ва бехатарии оби нӯшокӣ, васеъкунии ҳудуди ба нақшагирии таъмини бехатарии об ва мониторинги самаранокии сифати об дар деҳоти Тоҷикистон» имрӯз дар Душанбе муаррифӣ гардид.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Финландия ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ /ТУТ/ маблағгузорӣ гардида, дар зарфи ду сол дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ТУТ ва дигар шарикони рушд амалӣ гардонида мешавад. Лоиҳаи мазкур дар панҷ ноҳияи озмоишӣ, ки фарогири нуҳ деҳа, як маҳаллаи шакли шаҳрист, амалӣ гардонида мешавад.
Самти лоиҳаи муштарак ба беҳтар намудани сатҳи таъминоти оби ошомиданӣ дар деҳоти Тоҷикистон тавассути дастгирии татбиқи нақшаҳои таъмини бехатарии об нигаронида шуда, он ба беҳтар гардонидани идоракунии манбаи обтаъминкунӣ ва дар заминаи он ҳифзи саломатии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Яке аз рукнҳои асосии лоиҳа рушди стратегияҳои самаранок барои мониторинги сифати оби ошомиданӣ дар деҳот мебошад. Дар доираи лоиҳа барои мутахассисони бахши хизматрасонии санитарию эпидемиологӣ омӯзишҳо оид ба азхудкунии донишу малака ҷиҳати гузаронидани мониторинги сифати об дар асоси арзёбии хавфҳо гузаронида мешаванд. Дар робита ба ин, таҷҳизоти санитарию эпидемиологии хизматрасонӣ дар панҷ ноҳияи озмоишӣ мукаммал гардонида мешавад, ки он барои босифат гузаронидани ташхиси хусусиятҳои об мусоидат менамояд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






