Маъруфи Бобораҷаб- рӯзноманигори шинохта аз олам даргузашт

Октябрь 15, 2016 09:20

Душанбе, 15.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бар асари бемории фишорбаландӣ рӯзноманигор, корманди ҳафтаномаи «Минбари халқ» Маъруфи Бобораҷаб шоми 14 октябри соли равон дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.
Маъруфи Бобораҷаб 23 феврали соли 1959 дар шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ таваллуд шуда, соли 1980 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Хуҷандро хатм кардааст. Солҳои 1980-1981 дар мактаби миёнаи рақами 12 ноҳияи Қумсангир ба ҳайси омӯзгор фаъолият кардааст. Аз соли 1981 то соли 1996 дар мактабҳои миёнаи рақамҳои 9, 31 ва 6 ноҳияи Айнӣ фаъолиятро идома дода, соли 1996 ба вазифаи директори мактаби миёнаи № 38 ноҳияи Айнӣ таъйин шуда буд. Соли 1999 ба шаҳри Душанбе, ба Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор даъват мешавад.
Бо назардошти он, ки тӯли фаъолияти худ дар сохторҳои мухталифи соҳаи маориф бо воситаҳои ахбори оммаи кишвар ҳамкории пайваста дошт, дар идораи барномаҳои иттилоотии Телевизиони Тоҷикистон ба кор қабул шуда, то соли 2006 дар он ҷо фаъолиятро идома медиҳад.
Як муддат дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба ҳайси рўзноманигор фаъолият намуда, аз соли 2007 инҷониб дар ҳафтаномаи «Минбари халқ» ба сифати рўзноманигор ва баъдан дар вазифаи котиби масъул кор кардааст. Ҳамзамон дар Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги ҶТ ба сифати омӯзгор фаъолият дошт.
Маросими видоъ бо ӯ соати 11:00-и имрӯз дар маҳалли зисташ, деҳаи Косибони ноҳияи Рӯдакӣ баргузор мешавад.
Ҳайати эҷодӣ ва техникии АМИТ «Ховар» ба корманди худ Суғдмеҳри Маъруфзод ва дигар пайвандону хешовандони марҳум изҳори ҳамдардӣ карда, бо онҳо ғамшариканд.

Октябрь 15, 2016 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад