Машварати омӯзишии адибони ҷавони ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд ҷамъбаст шуд
Душанбе, 6.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Машварати омӯзишии адибони ҷавони ҷумҳурӣ, ки давоми 3 рӯз дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дирӯз, 5 октябр ҷамъбаст карда шуд.
Муҳокимаи таълифоти адибони ҷавон дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла назм, нақди адабӣ, асарҳо барои бачагон ва наврасон, насру публитсистика ва адабиёти ӯзбекзабон сурат гирифта, дар маросими ҷамъбастӣ хулосаи аъзои гурӯҳ ироа карда шуд. Аз ҷониби шоирон Низом Қосим, Аскар Ҳаким, Камол Насрулло ва дигарон ба ашъори шоирони ҷавон, аз ҷумлаи Шодӣ Ҳасани Шарифниё, Сурайё Ҳакимова, Фирдавси Аъзам, Эҳсон Раҷабӣ, Бобаки Суғдӣ, Муҳриддин Сабурӣ, Шоира Олимӣ, Бузургмеҳри Ҳаким, Бузургмеҳри Баҳодур, Насимбек Қурбонзода ва дигарон баҳои баланд дода шуд.
Дар бахшҳои дигар, ба монанди нақди адабӣ, асарҳо барои бачагон ва наврасон, насру публитсистика ва адабиёти узбекзабон устодон аз бурду бохти адибони ҷавон ёдоварӣ намуда, беҳтаринҳоро муаррифӣ намуданд, ки дар оянда метавон аз онҳо асарҳои беҳтаринро интизор шуд.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим аз иштироки зиёди адибони ҷавон дар ин машварати омӯзишӣ бо изҳори қаноатмандӣ таъкид намуд, ки пас аз маслиҳату машварат дар Иттифоқи нависандагон аз шумораи умумии иштирокдорон 10 нафар ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта хоҳанд шуд.
Ҳамзамон ашъори беҳтарин адибони ҷавон дар алоҳидагӣ ва чун маҷмӯаи дастаҷамъии адибони ҷавон ба нашр расонида мешавад.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






