Миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футболи хурд доир мегардад
Душанбе, 26.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 то 30 октябри соли равон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футболи хурд миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи аъзои Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъияти «Динамо» баргузор мегардад.
Дар мусобиқа дастаҳои футболбозон аз Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тотористон иштирок менамоянд.
Тавре баргузоркунандагони мусобиқа хабар доданд, маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ 27 октябр, соати 09:00 дар варзишгоҳи «Спитамен»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад






