«Муҳоҷират ва ҷавонон». Ба ҷавонони вилояти Хатлон доир ба қонунгузории ФР оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ маълумот дода шуд

Октябрь 3, 2016 15:57

Душанбе, 3.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини Корхонаи воҳиди давлатии «Биржаи меҳнатии ҷавонон» бо мақсади гузаронидани мулоқоту суҳбатҳо ба ноҳияҳои Данғара ва Ёвони вилояти Хатлон сафар намуданд. Зимни сафарҳо масъулин аз қонунгузории Федератсияи Русия оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ, қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия ва инчунин тартиби гирифтани патент (иҷозатномаи корӣ) маълумот доданд.
Ҳамчунон таъкид шуд, ки дар ҳолати вайрон кардани қонунҳои муқаррарнамудаи Федератсияи Русия он барои озодона фаъолият намудан ба муҳоҷирони меҳнатӣ мушкилоти зиёд эҷод менамояд ва боис мегардад, ки муҳоҷирон наметавонанд аз 3 то 5 сол ба ин кишвар ворид шаванд.
Инчунин аз ҷониби масъулин дар хиёбонҳо ва кӯчаҳои ноҳияҳои Данғара ва Ёвон суҳбатҳо атрофи «Муҳоҷират ва ҷавонон» доир гардида ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ ва китобчаҳои роҳнамо тақсим карда шуданд.
Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд.

Октябрь 3, 2016 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид