Мубориза барои медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон шиддат мегирад
Душанбе, 31.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз баъди анҷоми даври 18-уми бозиҳои Лигаи олии Чемпионати мамлакат яке аз даъвогарони мақоми сеюм дар мавсими футболи имсола- КМВА «Помир» муборизаро барои медалҳои биринҷӣ аз даст дод. «Регар ТадАЗ» дар варзишгоҳи «Политехникум» КМВА «Помир»-ро маҷбур намуд, ки бо натиҷаи 0:1 мағлуб шавад. Ягона голи Аҳтам Ҳамроқулов дар дақиқаи 65-ум металлургҳоро барои гирифтани ҷои сеюми ифтихорӣ боз ҳам наздиктар кард.
Дар ин давр «Хайр»-и Ваҳдат ҳам дар сафар бар «Равшан» бо натиҷаи 3:1 пирӯз гардид. Мӯҳсин Парпиев баъди бозгашт аз бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё-2019 аз Баҳрайн дар ғалабаи «Хайр» бо ду тӯби задааш саҳм гузошт. Далер Шарифов (23) ва Далер Шомуродов(48, 11-метра) низ ба задани гол имкон ёфтанд.
Мағлубияти «Вахш»- Қӯрғонтеппа дар майдонаш дар ин давр аз дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд (1:2) имкон медиҳад, ки футболбозони соҳили Сир барои ишғоли зинаи чорум мубориза баранд.
Ба ҳамин тартиб дастаҳои «Регар ТадАЗ» ва «Барқчӣ» ҳамоно муборизаро барои ҷои ифтихории сеюм пуршиддат мекунанд. Дар даври охирин «Регар ТадАз» дар Фархор бо «Ҳосилот» қувва меозмояд. «Барқчӣ» бо сабаби иштироки футболбозонаш дар бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё-2019 боз 4 вохӯрии боқимонда дар ихтиёр дорад.
Ҷадвали мусобиқот чунин шакл гирифтааст:
| Б | Ғ | М | Б | Т/т | И | ||
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 17 | 13 | 3 | 1 | 62-19 | 42 |
| 2 | «Ҳосилот» (Фархор) | 16 | 10 | 4 | 2 | 35-13 | 34 |
| 3 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 16 | 9 | 2 | 5 | 35-19 | 29 |
| 4 | «Хайр» (Ваҳдат) | 17 | 7 | 5 | 5 | 25-24 | 26 |
| 5 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 17 | 8 | 1 | 8 | 21-33 | 25 |
| 6 | КМВА «Помир» (Душанбе) | 17 | 7 | 3 | 7 | 21-15 | 24 |
| 7 | «Барқчӣ» (Душанбе) | 14 | 6 | 2 | 6 | 21-23 | 20 |
| 8 | «Вахш» (Қӯрғонтеппа) | 17 | 5 | 3 | 9 | 20-34 | 18 |
| 9 | «Равшан» (Кӯлоб) | 16 | 2 | 3 | 11 | 16-43 | 9 |
| 10 | «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) | 17 | 1 | 2 | 14 | 14-47 | 5 |
Нишонзанҳои беҳтарин:
Манучеҳр Ҷалилов -22 («Истиқлол»),
Комил Саидов -12 («Барқчӣ»/«Ҳосилот»),
Ромиш Ҷалилов – 9 ( Регар ТадАЗ).








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






