Мубориза барои медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон шиддат мегирад

Октябрь 31, 2016 17:34

Душанбе, 31.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз баъди анҷоми даври 18-уми бозиҳои Лигаи олии Чемпионати мамлакат яке аз даъвогарони мақоми сеюм дар мавсими футболи имсола- КМВА «Помир» муборизаро барои медалҳои биринҷӣ  аз даст дод.  «Регар ТадАЗ» дар варзишгоҳи «Политехникум» КМВА «Помир»-ро маҷбур намуд, ки  бо натиҷаи 0:1 мағлуб шавад. Ягона голи Аҳтам Ҳамроқулов дар дақиқаи 65-ум металлургҳоро барои гирифтани ҷои сеюми ифтихорӣ боз ҳам наздиктар кард.

Дар ин давр «Хайр»-и Ваҳдат ҳам дар сафар бар «Равшан» бо натиҷаи 3:1 пирӯз гардид. Мӯҳсин Парпиев баъди бозгашт аз бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё-2019 аз Баҳрайн дар ғалабаи «Хайр» бо ду тӯби задааш  саҳм  гузошт. Далер Шарифов (23) ва Далер Шомуродов(48, 11-метра) низ ба задани гол имкон ёфтанд.

Мағлубияти «Вахш»- Қӯрғонтеппа дар майдонаш дар ин давр аз дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд (1:2)  имкон медиҳад, ки футболбозони соҳили Сир барои ишғоли зинаи чорум мубориза баранд.

Ба ҳамин тартиб дастаҳои «Регар ТадАЗ» ва «Барқчӣ» ҳамоно муборизаро барои ҷои ифтихории сеюм пуршиддат мекунанд. Дар даври охирин «Регар ТадАз» дар Фархор бо «Ҳосилот» қувва меозмояд. «Барқчӣ» бо сабаби иштироки футболбозонаш дар бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё-2019 боз 4 вохӯрии боқимонда дар ихтиёр дорад.

Ҷадвали мусобиқот чунин шакл гирифтааст:

    Б Ғ М Б Т/т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 17 13 3 1 62-19 42
2 «Ҳосилот» (Фархор) 16 10 4 2 35-13 34
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 16 9 2 5 35-19 29
4 «Хайр» (Ваҳдат) 17 7 5 5 25-24 26
5 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 17 8 1 8 21-33 25
6 КМВА «Помир» (Душанбе) 17 7 3 7 21-15 24
7 «Барқчӣ» (Душанбе) 14 6 2 6 21-23 20
8 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 17 5 3 9 20-34 18
9 «Равшан» (Кӯлоб) 16 2 3 11 16-43 9
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 17 1 2 14 14-47 5

Нишонзанҳои беҳтарин:

Манучеҳр Ҷалилов -22 («Истиқлол»),

Комил Саидов -12 («Барқчӣ»/«Ҳосилот»),

Ромиш Ҷалилов – 9 ( Регар ТадАЗ).

Октябрь 31, 2016 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи «Шоми бокс» баргузор мешавад
Дар Вазорати мудофиа дастаҳои занонаи футбол ва мардонаи футзал таъсис дода мешаванд
Дар Душанбе марҳилаи сеюми даврҳои мураббигӣ оид ба барномаи иҷозатномаи «PRO» идома дорад
Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид