Мусобиқаи «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» имрӯз дар шаҳри Ваҳдат соати 15-00 оғоз мегардад

Октябрь 5, 2016 14:17

Душанбе, 05.10.2016. /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз соати 15-00 дар шаҳри Ваҳдат мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир мегардад. Тавре ки аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон иттилоъ доданд, мусобиқоти байналмилалӣ дар риштаи гӯштини дзюдо барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ аз соли 2013 гузаронида шуда, се мусобиқаи пешин дар пойтахти кишвар баргузор шуда буданд.
Имсол дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» варзишгарони Тоҷикистон, Ҷопон, Амрико, Куба, Непал, Покистон, Афғонистон, Эрон, Беларус, Русия, Италия, Мисри Араб, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон ширкат меварзинд.
Ёдовар мешавем, ки маблағи ҷоизаи мусобиқаи мазкур 15 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, ғолиби ҷои аввали мусобиқа бо 7 ҳазор доллар, зинаи дуюм — бо 4 ҳазор ва зинаи сеюм — бо 2 ҳазор доллари ИМА қадрдонӣ мешаванд.

Октябрь 5, 2016 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд