Мутахассисони бахши кинологӣ дар Маркази кинологии ХФГР ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд
Душанбе, 25.10.2016/ АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкорӣ байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия зимни мулоқоти Абдуфатоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Владимир Булавин, роҳбари Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия дар Маскав баррасӣ гардид.
Мусоҳибон доир ба масъалаҳои расонидани кумаки моддӣ-техникӣ ва омӯзонидани мутахассисони бахши кинологӣ аз Тоҷикистон дар пойгоҳи Маркази кинологии Хадамоти федералии гумруки Русия ибрози назар ва мувофиқа намуданд. Таъкид шуд, ки минбаъд ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд байни мақомоти гумруки ҳар ду кишвар аз тамоми имконот самаранок истифода хоҳанд кард.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки кишвар иттилоъ медиҳад, ки ба ифтихори 25-умин солгарди Хадамоти федералии гумруки Русия, роҳбари мақомоти гумруки Русия Владимир Булавин Абдуфатоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нишони сарисинагӣ сарфароз гардонид.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






