Намояндаи доимии Тоҷикистон кишварҳои аъзои СММ-ро ҷиҳати дастгирӣ намудани ташаббуси нави Тоҷикистон даъват намуд
Душанбе, 06.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар ҷаласаи Кумитаи дуюми Иҷлосияи 71-уми Маҷмаи Умумии СММ 4 октябр суханронӣ намуд.
Зимни ироаи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба масъалаҳои рушд, Намояндаи доимӣ ба зарурати расонидани кумак ба кишварҳои дар вазъияти махсус қарордошта, аз ҷумла кишварҳои камтараққикарда, кишварҳои рӯ ба рушди маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурд ишора намуд ва таъкид кард, ки зимни баррасии масъалаҳои марбут ба рушди устувор бояд афзалият ба масоили вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим дода шавад.
Дар фарҷоми суханронӣ М. Маҳмадаминов иштирокчиёнро бо натиҷаҳои Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд зери унвони «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба обу беҳдошт», ки 9-11 августи соли равон дар шаҳри Душанбе доир гардида буд, шинос намуд. Намояндаи доимии Тоҷикистон инчунин аз кишварҳои аъзои СММ ҷиҳати дастгирӣ намудани ташаббуси нави Тоҷикистон оид ба эълони «Даҳсолаи нави амал- Об барои рушди устувор 2018-2028» даъват ба амал овард.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






