НБО «Норак» ба феҳристи 5 иншооти нодири ҷаҳон шомил шуд!

Октябрь 22, 2016 11:29

Душанбе, 22.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Неругоҳи барқӣ-обии «Норак»-и Тоҷикистон ба феҳристи 5 иншооти саноатии нодири ҷаҳон шомил шуд. Дар ин бора АИР «Недвижимость» хабар додааст.
НБО «Норак» бо он ҷолиб аст, ки сарбанди аз сангу гил сохташудаи 300-метрааш баландтарин дар ҷаҳон мебошад. Обанбори истгоҳ низ хеле бузург аст, дарозии он 70 метр, масоҳати сатҳи об 98 км мураббаъ ва ҳаҷми он 10,5 км мукааб мебошад, — гуфта мешавад дар иттилоия. Умқи миёна  107 метр буда, соли 1978 пур шудааст.
Мавриди зикр аст, ки баландии сарбанди дуюмин калонтарин НБО-и Осиёи Марказӣ — Токтогул (Қирғизистон) 215 метрро ташкил медиҳад. Обанбори истгоҳ дорои андозаи зерин мебошад: дарозӣ — 65 км, масоҳати сатҳи об — 284,3 км мураббаъ, чуқурии максималӣ — 120 м. Ҳаҷми умумии обанбори Токтогул 19,5 км мукааб буда, 14 км мукааби он фоидаовар аст.
«Вақтҳои охир на ҳамаи иқтидори НБО «Норак» пурра истифода мешавад, чунки аз соли 2009 бинобар вайрон шудани низоми муттаҳидаи энергетикӣ он як қисми обро бефоида мепартояд. Партофти бефоида 700 метри мукааб дар як сонияро ташкил дода, ба хисороти молиявӣ то 200 млн. доллари ИМА дар як сол оварда мерасонад», — зикр мешавад дар хабарнома.
norak-2Дигар иншооте, ки ба феҳристи 5 иншооти калонтарини саноатии ҷаҳон шомил шуданд, инҳоянд:
— Платформаи истихроҷи нафти «Troll A» дар Баҳри Шимолӣ. Он калонтарин иншооти бетонии ҷаҳон маҳсуб мешавад. Баландии он 472 метр буда, 303 метри он зери об мебошад. Вазни он 684 тонна аст;
— дар чуқурии аз ҳама калонтарини он консерт гузаронида шуд. Бахшида ба 10-солагии  «Troll A» барои кормандони он овозхон Кэти Мелуа сароида буд. Консерт дар қисми поёнии платформа дар умқи 303 метр доир шуд.
—  бинои «NASA Vehicle Assembly Building», воқеъ дар иёлати Флоридаи ИМА, ки барои ҷамъоварии амудии дастгоҳҳои кайҳонӣ пешбинӣ шудааст. Он бинои якошёнаи бузургтарин дар ҷаҳон ва аз ҳама баландтарин дар ИМА берун аз ҳудудҳои шаҳрӣ маҳсуб мешавад. Баландии он 160 метр ва ҳаҷмаш 3,67 миллион метри мукааб мебошад. Корхона бо он ҷолиб аст, ки дар дохили он шароити обу ҳавои хусусии беҳтар аз берун фароҳам оварда мешавад. Мисол, ҳатто метавонанд абрҳои боронрез ташкил кунанд.
— «Meyer Werft» дар  Папенбурги Олмон  — яке аз бузургтарин корхонаҳои киштисозии ҷаҳон ва корхонаи таъмири киштиҳо буда, дорои калонтарин бинои хушк барои  ҷамъоварии киштиҳо мебошад. «Dockhalle 2» — доки хушк 504 метр дарозӣ, 125 метр паҳноӣ ва 75 метр баландӣ дорад. Ин андозаҳо имкон медиҳанд, ки киштиҳои сайёҳии  муосири дорои андозаҳои ниҳоят калон сохта шаванд.

Октябрь 22, 2016 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад