«Ҷоми Президенти Тоҷикистон» ба Украина бурда шуд
Душанбе, 6.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи IV байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо пирӯзии паҳлавони украинӣ Станислав Бондаренко хотима ёфт. Ҷои дуюмро варзишгари кубагӣ Гарсия Мендоза ва ду ҷои сеюмро паҳлавонони ӯзбекистонӣ Муҳсин Кисомиддинов ва Абдулло Тангриев ба даст оварданд.
Дар расми ифтитоҳи мусобиқа раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода ва муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Дилшод Назаров ба варзишгарон барор хостанд.
Дар мусобиқа, ки дирӯз, 5 октябр дар Варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат баргузор гардид, 45 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Беларус, Италия, Непал, Куба, Озарбойҷон, Покистон, Русия, Ӯзбекистон, Украина, Ҷопон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат доштанд.
Мусобиқаро доварони сатҳи ҷаҳонӣ аз Афғонистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳакамӣ намуданд.
Ғолиби ҷои аввали мусобиқа соҳиби 56 ҳазор сомонӣ, ҷои дуюм 32 ҳазор сомонӣ ва ҷои сеюм сазовори 16 ҳазор сомонӣ гардиданд. Ҳамзамон ба ғолибон Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






