Пагоҳ дар Боғи Ирам иди Меҳргон бо намоиш ва фурӯши маҳсулоти хӯрокӣ оғоз меёбад

Октябрь 14, 2016 12:03

Душанбе, 14.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 15-16 октябри соли 2016 дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе Иди Меҳргон бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва Академияи илмҳои кишоварзӣ баргузор мегардад.
Дар мавзеи «Деҳаи шарқӣ» ва амфитеатри «Боғи Ирам» намоиш-фурӯши маҳсулоти хӯрокӣ ва кишоварзӣ доир гардида, ҳамчунин барномаҳои рангини консертӣ дар назар дошта шудаанд.
Дар барномаи консертӣ Хурсандмурод Зарипов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, ҳунарпешагони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, ансамбли «Садои шарқ» ва Оркестри эстрадии «Гулшан» ҳунарнамоӣ мекунанд.
Таҷлили Меҳргон, ки ҷашни таърихии тоҷикон аст, дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихӣ ва эҳёи хусусиятҳои хоси суннатҳои миллӣ доир карда мешавад.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Октябрь 14, 2016 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд