Пагоҳ дар шаҳри Роғун барномаи фарҳангии «Бо забон ҷовид бошед» баргузор мегардад
Душанбе, 04.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар китобхонаҳои шаҳри Роғун бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатӣ вохӯрии аҳли адабу маориф бо хонандагону донишҷӯён ва сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот доир гардид. Дар вохӯриҳои мазкур хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр аз ашъори шоирон шеърҳо қироат намуданд. Аҳли адаб дар бораи татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», муқаррароти забон, риояи имлои забон дар раванди баргузории машғулиятҳо изҳори андеша намуданд.
Таъкид гардид, ки аҳли эҷоду хонандагони эҷодкор бояд ҳангоми навиштану эҷод кардан нисбат ба тозаю беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ бемасъулият набошанд ва ба он аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Инчунин дар муассисаҳои таълимии шаҳр бо иштироки устодону хонандагон дар мавзӯи «Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат аст» конфронсҳои илмӣ- адабӣ баргузор мешаванд.
Дар назар аст, ки шоми 5 октябри соли равон дар Қасри фарҳанги шаҳр бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорону олимон ва хонандагон барномаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Бо забон ҷовид бошед» доир гардад.
Тибқи иттилои маъулини бахши фарҳанги шаҳр, дар барнома олимону нависандагони шаҳр дар бораи аҳамияти забони давлатӣ ва тоза нигоҳ доштани забону бехато навиштан сухан мегӯянд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






