Посухҳои Валентина Матвиенко ба журналистон пас аз мулоқот бо Президенти Тоҷикистон
Душанбе, 13.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко пас аз мулоқот бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Миллат бо рӯзноманигорон мулоқот кард ва ба саволҳои онҳо посух дод.
«Феълан мо бо Президенти муҳтарами Тоҷикистон музокироти пурмуҳтавое доштем. Ин шахсест, ки тамоми ҷанбаҳои равобити Русияю Тоҷикистонро хуб медонад. Бинобар ин, мо як суҳбати ниҳоят пурмуҳтаво доштем. Президенти Тоҷикистон тасдиқ кард, ки дар байни Русия ва Тоҷикистон равобити воқеии стратегии барои кишварҳои мо мутақобилан судманд вуҷуд дорад», — изҳор дошт раиси Шӯрои Федератсия.
Валентина Матвиенко далели коҳиш ёфтани ҳаҷми тиҷорат миёни Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо афсӯс зикр кард, вале афзуд, ки барои ҳалли ин мушкилот кори комиссияи байниҳукуматӣ фаъол хоҳад гардид.
«Президенти Тоҷикистон ба афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ — мева ва сабзавот ба Русия изҳори ҳавасмандӣ намуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан дуруст зикр кард, ки сохторҳои тиҷоратиро лозим аст, ки бевосита, бидуни миёнаравон тавонанд ин маҳсулотро ба минтақаҳои Русия расонанд. Ин боиси коҳиш ёфтани нархи он, содда намудани муқаррарот ва сари вақт расонидани чунин таҳвилҳо мешавад», -зикр кард Матвиенко.
Бино ба гуфтаи сенати Русия, инчунин дар ҷаласа масоили рушди ҳамкории муштарак дар соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифт.
«Наздики 20000 нафар донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия ва филиалҳои онҳо дар Тоҷикистон таҳсил менамоянд. Бояд тазаккур дод, ки ташаббускори пайдоиши ҳар се филиали донишгоҳҳои Русия, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Маскав, маҳз Президенти Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин дар доираи созишномаи байни роҳбарони мо Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия таъсис дода шуд»,- таъкид кард Матвиенко .
Раиси Шӯрои Федератсияро таърифи самимии Сарвари Тоҷикистон оид ба таваҷҷуҳи махсуси ҳукумат дар масъалаи омӯзиши забони русӣ дар ҳар як мактаб хеле хушнуд намуд.
«Президент махсусан таъкид кард, ки он на танҳо забони муоширати байналмилалист, балки он барои шаҳрвандони Тоҷикистон, пеш аз ҳама, барои наздикшавӣ бо фарҳанги русӣ зарур аст. Ин имконияти муоширати озод ва қобилияти кор дар Русия аст. Роҳбарияти Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки минбаъд ҳам омӯзиши забони русиро дар тамоми муассисаҳои таълимии қаламрави ҷумҳурӣ дастгирӣ намояд», — гуфт Матвиенко.
Дар айни замон, раиси Шӯрои Федератсия изҳор дошт, ки дар ин масъала ҳаҷми кумаки ҷониби Русия ҳанӯз мувофиқ ба талабот нест.
«Табиист, ки мо масъалаи муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ намудем. Ин мавзӯест ба ибораи дигар «дарозмуддат». Мехоҳам зикр кунам, ки барои ҳалли ин масъала ҳам аз ҷониби Русия ва ҳам аз ҷониби Тоҷикистон корҳои зиёде ба анҷом расидаанд. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон мо шартҳои истисноиро қабул кардем. Онҳо метавонанд то 15 рӯз дар Русия бидуни бақайдгирӣ иқомат намоянд ва якбора барои 3 соли кор патент гиранд. Дар натиҷа, имрӯз наздики як миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муваффақона дар Русия кор мекунанд», — изҳор дошт Матвиенко.
Бино ба гуфтаи вай, Президенти Тоҷикистон дархост намудааст, ки ба ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.
«Ва мо минбаъд низ ин корро идома медиҳем. Мо манфиатдорем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия сафар карда, қонунгузории моро ҷиддӣ риоя намуда, ба кишвари мо эҳтиромона муносибат намоянд», — хулоса кард Валентина Матвиенко.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






