Рӯзи байналмилалии бемориҳои рӯҳӣ: Никоҳи хешутаборӣ, истеъмоли хӯроки нодуруст ва иттилои манфӣ метавонанд сабаби чунин бемориҳо шаванд

Октябрь 10, 2016 16:15

Душанбе, 10.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 10 октябр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии бемориҳои рӯҳӣ (World Mental Health Day) ҷашн гирифта мешавад. Федератсияи байналмилалии бемориҳои рӯҳӣ соли 1992 бо мақсади баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ нибат ба бемориҳои рӯҳӣ, роҳҳои пешгирӣ ва табобати ин беморӣ ин рӯзро эълон доштааст. Ҳар сол ин рӯз ба ягон масъалаи бемориҳои рӯҳӣ бахшида мешавад. Имсол мавзӯи ин Рӯз- «Шаъну шараф дар самти бемориҳои рӯҳӣ: ёрии аввалия дар тамоми соҳаи саломатии психологӣ ва рӯҳӣ» мебошад.
Бемориҳои рӯҳӣ бештар бо ихтилоли рӯҳ падид меоянд. Фаъолияти рӯҳии инсон, табиатан чи хеле ки набошад, дар натиҷаи ихтилоли кори мағзи сар хароб мегардад. Бо вуҷуди ин, ҳама гуна ихтилол боиси бемориҳои рӯҳӣ намешавад, масалан, ҳангоми баъзе бемориҳои асаб, сарфи назар аз он ки мағзи сар иллат (газак, осеб) дорад, рӯҳ халал намеёбад.
dsc_8967-kopiyaМудири дармонгоҳи МД «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ифтихор Камолов иброз дошт, ки солҳои охир нафарони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ зиёд шуда истодаанд. «Вақтҳои охир нисбат ба пешин бештар ҷавонон ба бемориҳои рӯҳӣ гирифтор мешаванд. Дар маркази мо бештар беморони мубталои невроз ба назар мерасанд, ки он дар натиҷаи асабхастагӣ ва рӯҳафтодагӣ ба вуҷуд меояд. Ҳоло ҷавонон бо асабхастагӣ, невроз, неврастения хеле зиёд муроҷиат мекунанд»,-илова намуд И.Камолов.
Бино ба гуфтаи мудири дармонгоҳи Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ, сабабҳои бемориҳои рӯҳӣ гуногунанд. «Бояд гуфт, ки истеъмоли хӯроки нодуруст ва иттилои манфӣ метавонанд сабаби бемории рӯҳӣ гарданд. Аз никоҳи хешутаборӣ кӯдакон бештар ба бемориҳои камақлӣ ва бемории Даун гирифтор мешаванд. Дар батн иллат ёфтани насл метавонад боиси таъхири инкишофи рӯҳии кӯдак, бемории саръ (эпилепсия) ва ғайра гардад. Бадмастии волидайн, бордоршавӣ дар ҳолати мастӣ (ҳатто мастии яке аз волидон) ё суиистеъмоли машруботи спиртдор (дар айёми ҳомилагӣ) низ ба насл таъсири ногувор мерасонад»,-афзуд И.Камолов.
Ба инкишофи бемориҳои рӯҳӣ ҷинс ва синн низ таъсири муайян мерасонанд. Масалан, ихтилоли рӯҳӣ дар байни мардҳо нисбат ба занон бештар ба мушоҳида мерасад. Мардҳо бештар ба психози садамавӣ ва алкоголӣ, занҳо ба психози ҷунунию афсурдарӯҳӣ, куҳансолон ба психози инволютсиявӣ ва афсурдарӯҳӣ гирифтор мешаванд. Баъзе бемориҳои рӯҳӣ ба таври шадид (психози шадид аз заҳролудӣ, таъсири сироят ва садама) оғоз ёфта, зуд бартараф мегарданд, бемориҳои дигар ноаён падид меоянд ва дар мавриди онҳо ихтилоли рӯҳӣ беш аз пеш меафзояд. Намудҳои дигари бемориҳои рӯҳӣ дар давраи кӯдакӣ ошкор мегарданд ва дар тӯли ҳаёт устувор боқӣ мемонанд (олигофрения).
«Ҳангоми муроҷиати бемор мо вайро таҳти назорат мегирем ва кӯшиш мекунем беморӣ аз як сатҳ ба сатҳи дигар нагузарад. Агар лозим бошад, мо беморро ба дармонгоҳҳои рӯҳӣ равон мекунем. Мо кӯшиш мекунем аввалан бемориро дар ҳамон сатҳи будааш нигоҳ дорем ва баъдан пурра муолиҷа кунем. Агар бемор дар марҳилаҳои аввал муроҷиат кунад, мо пурра вайро табобат мекунем. Афсӯс, ки беморон ба мо дар марҳилаи аввал муроҷиат намекунанд. Мардум бештар дар марҳилаи аввал ба табобатҳои халқию дуохонӣ машғул мешаванд ва ҳангоми беморӣ аз марҳилаи сабуктар ба вазнин гузаштан ба мо муроҷиат мекунанд, ки ин табобатро мушкил мекунад»,-бо таассуф гуфт мусоҳиб.
Ақидае, ки гӯё бемориҳои рӯҳӣ ҳамеша оқибати нохуш ба бор меоваранд, асос надорад. Дар сурати сари вақт табобат кардан онҳо пурра ё қисман рафъ мегарданд.
Бояд гуфт, ки рӯҳшиносони ҷумҳурӣ дар таҳқиқи ҷиҳатҳои гуногуни шизофрения, психозҳои алкоголӣ, психозҳои сироятӣ (зукомӣ ва сифилисӣ) саҳми арзанда гузоштаанд.
Бино ба маълумоти Ташкилоти уммиҷаҳонии тандурустӣ, имрӯз дар ҷаҳон беш аз 450 миллион нафар аз бемориҳои рӯҳӣ азият мекашанд. Дар мамлакатҳои ғарбӣ ҳар нафари ҳафтум ба бемориҳои рӯҳӣ гирифтор аст.

Лайло Қосимова

Октябрь 10, 2016 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо