Раиси ИЖТ бо журналистони Суғд перомуни масоили марбут ба ВАО суҳбат кард

Октябрь 14, 2016 13:56

Зиннатулло ИсмоиловДушанбе, 14.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода бо мақсади шиносоӣ бо шароити кор ва масоили мухталифи марбут ба соҳаи воситаҳои ахбори оммаи вилояти Суғд дар «Кохи матбуот»-и шаҳри Хуҷанд бо намояндагони ин соҳа мулоқот намуд.
Зиннатулло Исмоилзода бо рӯзноманигорони нашрияҳои «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати», «Дам» ва «Саломат бошед» перомуни шароити кор ва фаъолияти касбии рӯзноманигорон суҳбат орост.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон изҳор намуд, ки ҳадафи вохӯрӣ бо журналистон, пеш аз ҳама, рушду таҳкими журналистика ва вусъати ҳамкорӣ байни воситаҳои ахбори омма мебошад.
«Алҳол замона тақозо дорад, ки рақобатпазирӣ ва амнияти итилоотии ВАО дар мадди аввал бошад. Бояд рӯзноманигорон дар маводи хеш муаммову мушкилоти мардумро инъикос намуда, раҳнамои ҷамъият бошанд. Маҳз ҳамкории муфид метавонад амнияти иттилоотиро ба вуҷуд орад», -иброз дошт З.Исмоилзода.
Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Октябрь 14, 2016 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад