С. Аслов дар шаҳри Тошканд бо намояндаи вежаи Дабири кулли СММ мулоқот кард
Душанбе, 19.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябри соли 2016 дар шаҳри Тошканд дар чаҳорчӯби иҷлосияи 43-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ, роҳбари Маркази минтақавии дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ (ММДБ) Петко Драганов баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ММДБ дар самти таҳкими амнияти минтақавӣ, раванди татбиқи барномаву лоиҳаҳои Марказ барои кишварҳои минтақа, инчунин ҷалби Афғонистон ба ташаббусҳои марбут ба ҳамгироии минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






