Саҳмгузорӣ дар пешгирии амалҳои коррупсионӣ
Душанбе, 01.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати шахсӣ бо намояндагони Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Нуралӣ Сафаров иброз дошт, ки ҳар як корманди милитсия дар баробари самти фаъолияти худ бояд дар ошкор ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ саҳмгузор бошад. Мақомоти корҳои дохилӣ баҳри решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб бо дигар мақомоти қудратии кишвар дар ҳамкории зич қарор дошта, дар ин самт аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат пайваста тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Муовини сардори Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, капитани адлия Шодком Турсунзода дар масъалаи муқовимат бо коррупсия зикр кард, ки дар тамоми давлатҳо амалҳои коррупсионӣ паҳн гардидаву реша давондаанд. Онҳо ба пешравии иқтисодиёт, тараққиёт, иҷтимоиёти кишварҳо таъсири манфӣ мерасонанд. Кишвари мо низ дар қатори дигар давлатҳо гирифтори ин вабо гардидааст.
Тавре тадқиқот нишон медиҳанд, ҳамасола дар ҷаҳон бо роҳи коррупсионӣ зиёда аз 600 миллиард доллари амрикоӣ ба иқтисодиёти кишварҳо хисорот мерасад. Имрӯз тамоми мақомоти қудратии кишвар баҳри аз байн бурдани амалҳои номатлуби коррупсионӣ муборизаи беамон мебаранд.
Мақомоти корҳои дохилӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар бартараф ва пешгириву ошкор намудани чунин ҷиноятҳо дар ҳамкории хуб қарор дошта, то ба имрӯз дар ҳамбастагӣ чандин ҳолатҳои коррупсиониро муайяну ошкор намуда, садди роҳи содиркунандагони ин гуна ҷиноятҳо гардидаанд.








ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд






