Сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шўрои Сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои узви ИДМ иштирок намуд

Октябрь 29, 2016 08:37

Душанбе, 29.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Мински Ҷумҳурии  Белорус дар кори ҷаласаи навбатии Шўрои Сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои узви ИДМ иштирок ва суханронӣ намуд.

Қабл аз оғози кори ҷаласа Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко бо роҳбарони ҳайатҳо ширкат варзид.

Ҷаласаи навбатии Шўрои Сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои узви ИДМ нахуст дар нишасти хосаи роҳбарони ҳайатҳои расмӣ оғоз гардида, сипас маҷмӯи масъалаҳои рўзномаи корӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъ муҳокима шуданд.

Дар нишасти навбатии худ Сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои узви ИДМ як қатор масъалаҳои муҳиму рўзмарраи ҳамгироии иқтисодию иҷтимоии иттиҳодро, ки дар оянда рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатиро пешбинӣ менамоянд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Рўзномаи кории ҷаласаи навбатии Шўрои Сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои узви ИДМ баррасии рафти татбиқи шартнома оид ба  минтақаҳои озоди тиҷоратӣ, ҳолати истеҳсол ва истифодаи манбаъҳои энергетикӣ барои то давраи соли 2030, вазъи ҳамкории иқтисодию молиявӣ, кишоварзӣ, равобити муштарак  дар соҳаҳои саноати кўҳию металлургӣ ва истеҳсоли автомобил, инчунин ҳамкориҳои гуманитариро фарогир буд.

Дар суханронии худ Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода идомаи самарабахши ҳамкориҳои байнидавлатиро дар соҳаҳои мазкур аз омилҳои муҳими пешрафту тарақкиёти рўзафзун арзёбӣ карда, таъкид бар он намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари фаъоли иттиҳод ба дурнамои муносибатҳои боварибахши дуҷонибаю бисёрҷониба дар доираи ИДМ назари нек дорад. Тавре таъкид шуд, дар сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти сатҳи олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон густариши равобити башардўстонаи иқтисодию иҷтимоӣ бо кишварҳои аъзои ИДМ афзалияти бештар дошта, ҷониби Тоҷикистон тақвияти бемайлони  ин робитаҳоро дар оянда ба нафъи давлатҳои аъзои иттиҳод арзёбӣ менамояд.

Ба ҳамин монанд роҳбарони дигар ҳайатҳои иштирокчии ҷаласа нақш ва мақоми кишварҳои худро  дар раванди рушди муносибатҳои байниҳамдигарӣ дар қаламрави ИДМ таъкид намуданд.

Аз ҷониби Сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои узви ИДМ дар анҷоми нишасти навбатӣ як қатор санадҳои танзимкунандаи муносибатҳои доираи иттиҳод ба имзо расида, қарор дода шуд, ки вохўрии оянда моҳи майи  соли 2017 дар Федератсияи Русия баргузор мегардад.

Октябрь 29, 2016 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст