Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафти татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара»

Октябрь 22, 2016 18:02

Душанбе, 22.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо рафти татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» шинос шуд.

Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш аз шоҳканали асосии таъминкунандаи ноҳия бо об ва рафти татбиқи лоиҳаи обёрии заминҳо дар марҳилаҳои якум ва дуюм дидан карда, барои таъмини иҷроиши  пурра ва босифату саривақтии лоиҳа роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулони соҳаро вазифадор намуданд.

Хотиррасон  бояд кард, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» дар се марҳила обёрии наздик ба се ҳазор гектар заминҳо  пешбинӣ шудааст. Татбиқи лоиҳаи мазкур бо мақсади фароҳам овардани то 5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, тақвияти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тавассути зиёд намудани майдонҳои кишти пахта, боғу токзор ва сабзавоту полезиҳо амалӣ карда мешавад. Марҳилаҳои лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ татбиқ гардида, корҳои тарҳрезӣ ва татбиқу иҷроиши марҳилаи сеюми лоиҳа аллакай оғоз гардидааст. Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара», ки дар доираи он обёрии 1750 гектар замин пешбинӣ гардидааст моҳи марти соли равон ба анҷом расонида шуд. Анҷоми марҳилаи сеюми лоиҳа тибқи нақша дар моҳи декабри соли 2019 дар назар дошта шудааст. Марҳилаи сеюми «Обёрии заминҳои водии Данғара» низ обёрии 1750 гектар заминро фаро хоҳад гирифт.

Зимни шиносоӣ бо ҳолати татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» марҳилаҳои якум, дуюм ва сеюм Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода масъулони соҳаро барои иҷрои босифати корҳои тозанамоӣ ва бетонпўшсозии қисматҳои алоҳидаи канали асосӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои барои иҷрои лоиҳа пешбинӣ шуда, корҳои истифодаву нигоҳдории иншооти асосии обрасонӣ ва тақвияти назорати татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузории мамлакат вазифадор карданд.

Октябрь 22, 2016 18:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад