«Шоми ҷаҳаннам» дар Театри Лоҳутӣ ба намоиш гузошта мешавад
Душанбе, 14.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябри соли равон дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ нахустнамоиши «Шоми ҷаҳаннам» баргузор мегардад.
Намоиши мазкур ба қалами драматурги шинохтаи фаронсавӣ Жан Пйер Мартинез тааллуқ дошта, онро ба забони русӣ Амалхонум Гаҷиева тарҷума намудааст.
«Шоми ҷаҳаннам» аз ҷониби гурӯҳи ҳунарпешагони Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский таҳти коргардонии ҳунарпешаи шинохта Хуршед Мустафоев рӯи саҳна оварда шудааст.
Боиси зикр аст, ки нахустнамоиши «Шоми ҷаҳаннам» дар доираи чорабиниҳои «Ҳафтаи аврупоӣ» сурат мегирад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






