Шумораи занони соҳибкор дар вилояти Хатлон афзудааст

Октябрь 22, 2016 09:27

Қӯрғонтеппа, 22.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти  Хатлон соҳибкорӣ рушду нумӯъ ёфта, шумораи занони соҳибкори инфиродии фаъолияткунанда дар қайди мақомоти андоз 27264 нафар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 611 нафар зиёд мебошад.
Дар вилоят зиёда аз 63 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд, ки 12632-тои онҳоро занон роҳбарӣ менамоянд.
Дар ин давра тавассути бонкҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилоят  дастрасии занон ба қарзҳои имтиёзнок беҳтар гардида, ба 1747 нафар дар ҳаҷми 7 миллиону 714 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла, дар бахши тиҷорат ва хизматрасонӣ  ба 595 нафар ба маблағи 3 миллиону 375 ҳазор сомонӣ, бахши кишоварзӣ ва чорводорӣ ба 189 нафар ба маблағи 1 миллиону 296 ҳазор сомонӣ, бахши истеъмолӣ ба 963 нафар ба маблағи 3 миллиону 43 ҳазор сомонӣ дода шудааст.
Инчунин тавассути бонкҳои  минтақаи Кӯлоб аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба 6212 нафар занон дар ҳаҷми 32 миллиону 258 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар бахши кишоварзӣ 10 миллиону  456 ҳазор сомонӣ, дар бахши савдо 5 миллиону 906 ҳазор сомонӣ, дар бахши саноат 1 миллиону 812 ҳазор сомонӣ, дар бахши истеъмолӣ 1 миллиону 408 ҳазор сомонӣ маблағ дода  шудааст. Ин нишонаи он аст, ки имрӯз рушди соҳибкории хурду миёна дар вилоят таъмин гардида, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.

Октябрь 22, 2016 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад