Таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон
Душанбе, 04.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон маҳфили фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар он муовини парлумонии вазири корҳои хориҷӣ Мотомэ Такисава ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷопон ва вакилони парлумон, намояндагони ҳукуматӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон, намояндагони Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA), намояндагони вазорату идораҳо, корпуси дипломатӣ, зиёиён, соҳибкорон, ҷамъиятҳои дӯстии Тоҷикистону Ҷопон ва ҳамватанон — устодони донишгоҳҳо ва донишҷӯён, ки айни замон дар ин кишвар ба таҳсил машғул мебошанд, ширкат варзиданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Ҳамрохон Зарифӣ дастовардҳои намоёни кишварро дар даврони соҳибистиқлолӣ, муҳимияти хоси Рӯзи истиқлолиятро барои мардум ҳамчун ҷашни асосии давлатдории тоҷикон ва авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зикр намуда, аҳамияти василаҳои мавҷудаи ҳамкорӣ барои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопонро таъкид намуд.
Муовини парлумонии вазири корҳои хориҷӣ Мотомэ Такисава аз номи ҳукумати кишвараш табрикоти самимӣ ва таманниёти некро ба муносибати ҷашни солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда, муносибатҳои ҳасанаи дуҷониба ва бисёрҷониба миёни ду кишварро таъкид намуд.
Намояндагони ҳукуматии ин кишвар низ сухани табрикотӣ гуфта, ҷоннок кардани муколамаи дуҷонибаи сиёсӣ ва таваҷҷуҳи тарафайн барои таҳкими ҳамкории минбаъдаро таъкид карданд.
Дар доираи ҷашни идона барномаи фарҳангӣ, аз ҷумла асарҳои мусиқии оҳангсози маъруфи тоҷик — Талабхӯҷа Сатторов дар иҷрои мусиқинавозони ҷопонӣ ва барномаи рақси миллии тоҷикӣ аз ҷониби ҳунармандони кишвари иқомат пешкаши ҳозирин гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






