Таҳлили ҷамъбастии натиҷаҳои тадқиқоти қувваҳои корӣ

Октябрь 28, 2016 10:26

Душанбе, 28.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо дархости Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ) барои тайёр намудани чадвалҳои барориши тадқиқоти қувваҳои кории соли 2016, аз ҷумла сохтани алгоритми нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва таҳлили ҷамъбастии натиҷаҳои тадқиқоти қувваҳои корӣ, ҳамчунин тайёр намудан ва навиштани ҷамъбасти таҳлилии натиҷаҳои тадқиқоти қувваҳои кории Тоҷикистон дар соли 2016 кумаки техникӣ мерасонад.
Барои анҷом додани барномаи мазкур ба Агентии омор коршиноси калони байналмилалии омори меҳнат аз ТБМ Игор Чернишев ташриф оварда, бо сардори раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ Абдувалӣ Қулов ҳамкорӣ менамояд.
Дастгирии мазкур аз 24 октябр то 3 ноябри соли 2016 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи ТБМ «Барҳам додани буҳрон ва таъмини меҳнати арзанда ва бехатар» бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Финляндия ба роҳ монда мешавад.

Октябрь 28, 2016 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид