Табибони Амрико беморони мубтало ба саратонро ройгон ташхис ва табобат мекунанд

Октябрь 14, 2016 15:41

Хоруғ, 14.10.2016/АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳи табибони амрикоӣ дар соҳаи саратоншиносии ғадуди ширӣ сокинони шаҳру навоҳии ВМБК-ро дар Маркази саломатии шаҳри Хоруғ мавриди ташхис ва табобат қарор доданд. Сардухтури Маркази саратоншиносии вилоят Ҷамила Худоёрова гуфт, ки «дар давоми 4 рӯз табибони амрикоӣ бештар аз 400 нафар аз занонро муоина намуданд. Ташхис муайян кард, ки аз ин миён се нафарашон ба бемории саратони ғадуди шир мубтало мебошанд. Баъди суҳбат бо ин беморон маълум гардид, ки аксарияташон баъди табобати тӯлонӣ дар назди муллоҳову ба ном «табибони мардумӣ» ахиран маҷбур шуданд ба ин марказ муроҷиат намоянд».
Ба гуфтаи саратоншиноси амрикоӣ Мансур Солеҳ: «саратон як намуди бемории вазнин аст, ки то ҳанӯз барои табобати комили он давои махсус ихтироъ накардаанд. Ягона илоҷи раҳоӣ аз ин дард, муроҷиати саривақтии беморон ба духтури саратоншинос аст. Дар сурати ба фардо гузоштани ташхису табобат кор ба ҷарроҳии мураккаб анҷом меёбад ва бемор аз ин ранҷу азоби зиёд мекашад».
Шмейн Асария, яке аз табибони дигари амрикоӣ гуфт, ки «38 сол дорам ва ҳар моҳ аз ташхиси табибон мегузарам. Пас аз як ташхис дар баданам нишонаи саратони ғадуди шириро пайдо намуданд. Зуд аз паи таобати он шудам. Маро ҷарроҳӣ карданд ва ҳоло чандин сол аст, ки худро солиму бардам ҳис мекунам. Ман ба занони тоҷик маслиҳат додам, ки тарсу ҳаросро як сӯ гузоранд ва дар вақташ ба маркази саратоншиносӣ муроҷат намоянд. Қабл аз хурӯҷи бемории саратон онро пурра табобат кардан мумкин аст».

Октябрь 14, 2016 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад