Танзим болоравии фарҳанги молиявиро мехоҳад
Душанбе, 03.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо иштироки устодону кормандони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) оид ба фаъолияти комиссияи ҷамъиятӣ дар бораи иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар донишкада ҷаласаи васеъ баргузор шуд.
Тавре котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева хабар дод, ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода гуфт: «Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросимҳои миллию динӣ рў оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онҳо ба манфиати иқтисодӣ ва устувории ҳаёти иҷтимоӣ амали бениҳоят хайрро анҷом дод, ки ин таҷрибаро имрўз мамлакатҳои дигари ҳамсоя мавриди омўзиш ва тадқиқ қарор додаанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар байни мардум ҳоло ҳам вайрон кардани муқаррароти қонун ва намоишкориву зиёдаравиҳо дар баргузории тўйю маъракаҳо дида мешавад. Фарҳанги молиявии мо нисбат ба ҷашну маросимҳо паст буда, майл кардан ба хароҷоти зиёдатӣ дар психологияи мардум нишастааст. Имрўзҳо худи мардум бояд дарк кунанд, ки ин қонун барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии онҳо ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд. Бинобар ин дар риоя ва тарғибу ташвиқи қонун омўзгорон ва зиёиён бояд намуна бошанд».
Бо овардани мисолҳои мушаххас аз ҳаёти рўзмарраи мардум дар бораи исрофу зиёдаравӣ дар баргузории идҳои Рамазон ва Қурбон, ки ба таълимоти дини мубини ислом рост намеояд, таъкид шуд, ки тибқи тадқиқот қариб 40 фоизи даромади аҳолӣ ба гузаронидани ин идҳо сарф мешавад, ки ин исрофи маҳз аст.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






