«Ташаккули маҳорати роҳбарӣ дар ҷавонон» — омӯзиш дар шаҳри Кӯлоб

Октябрь 18, 2016 09:06

Душанбе, 18.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб  дар мавзӯи «Ташаккули маҳорати роҳбарӣ дар ҷавонон» тренинги омӯзишӣ  доир гардид. Ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, машварати мазкур бо мақсади мусоидат ба ҷавонон дар самти иштирок дар рушди кишвар ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон роҳандозӣ гардида, дар  он беш аз 75 нафар ҷавонон аз ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб иштирок намуданд.
Дар машварат ба ҷавонон маълумоти муҳим вобаста ба паҳлӯҳои гуногуни рушди роҳбарӣ дар ҷавонон, аз ҷумла сифатҳои роҳбарӣ, мақсад ва вазифагузорӣ, роҳҳои расидан ба мақсад, истифодаи самараноки вақт ҳамчун усули рушди малакаҳои роҳбарӣ, усулҳои муошират ва суханварӣ, зинаҳои роҳбарӣ ва усулҳои ташаккули маҳорати роҳбарӣ омӯзонида шуд.
Зарурати ташкили машварат,  пеш аз ҳама, ба ҷавонкунонии низоми  идораи ҳаёти ҷомеа нигаронида шуда, он ба талаботи сиёсати кадрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд мебошад. Барои татбиқи босамари ин ҳадафи стратегӣ, дар навбати аввал зарурати омӯзонидани малака ва маҳорати роҳбарӣ дар ҷавонон афзалият пайдо кардааст.
Тренинги мазкур дар доираи татбиқи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 -2018» амалӣ гардида, баргузории он дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ дар назар аст.

Октябрь 18, 2016 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад