Ёдкарди Мавлонои Балхӣ дар толори «Булбулон»
Душанбе, 01.10.2016/АМИТ «Ховар»/. 809- солагии зодрӯзи шоир ва мутафаккири бузурги машриқзамин Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ шоми 30 сентябр дар толори «Булбулон»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид.
Дар ҷамъомади фарҳангии гиромидошти шоир ва орифи барҷастаи тоҷику форс Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ фарҳангиёни кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Туркия, сафирон ва намояндагиҳои дипломатии кишварҳои муқими Тоҷикистон иштирок доштанд.
Фатиҳ Қаҳраман, Кордори Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҷамъомадагон доир ба мероси арзишманду ҷаҳонии Мавлоно, маҳбубияти Мавлоно дар Туркия ибрози назар намуда, гуфт, ки зодрӯзи Мавлоно дар Туркия дар сатҳи баланд таҷлил гардида, дар он роҳбарону намояндагони баландпояи Туркия, мавлоношиносон ва дӯстдорони каломи Мавлоно ширкат менамоянд. Ҳамзамон дар ҷамъомади фарҳангӣ Абдулғафури Орзу- Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, Эмрулаҳ Кая, мушовир оид ба корҳои дини Сафорати Туркия дар Тоҷикистон, шоира Гулрухсор ва дигар донишмандону муҳаққиқон ва мавлоношиносон доир ба ҳаёт ва мероси бузурги фарҳанги Мавлоно, нақши ин бузургмарди олами тасаввуф дар ташаккули адабиёти асримиёнагии тоҷику форс ва андешаҳои инсонпарваронаю таҳаммулпазирии осори оламшумули шоир Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ибрози назар намуданд.
Ба маҳфили фарҳангӣ ҳунармандони Театри «Аҳорун» бо барномаи рангин, хусусан рақси «Самоъ» шукӯҳи тоза бахшиданд.
Бояд тазаккур дод, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ 30 сентябри соли 1207 дар Балх ба дунё омада, дар шаҳри Қунияи Рум фаъолият ва зиндагӣ намуда, дар соли 1273 дар Рум вафот кардааст. Алҳол оромгоҳаш дар шаҳри Қунияи Туркия қарор дошта, зиёратгоҳи ҳазорон дӯстдорони каломи бадеъ аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад






