Забони тоҷикӣ дар ҳастӣ ва шинохти миллати фарҳангдўст ва тамаддунсозамон нақши сарнавиштсоз дорад
Душанбе, 04.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба ифтихори Иди муаллимон ва Рўзи забони давлатӣ ҷамъомади фарҳангию фароғатӣ доир гардид.
Ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода иброз дошт, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикӣ дубора эҳё гашта, имрўзҳо он аз минбари СММ баланд садо медиҳад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар муассисаҳои таълимии олии касбӣ ба чопи китобҳои дарсӣ ба забони давлатӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, он ба талаботи замони муосир мувофиқ гардонида шуд. Айни ҳол китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ аз тарафи олимони варзида таълифу нашр шуда, дастраси муҳаққиқону донишҷўён гардонида шудаанд.
Дар баробари ин барои пешравии кор иқтисодшиносон дар якҷоягӣ бо мутахассисони забоншинос ҷиҳати такмили забони иқтисодӣ ва якхела кардани истифодаи мафҳуму ибораҳо дар соҳаи иқтисодиёт кўшиш намоянд. Ҳалли ин масъала мушкилотро дар шарҳи дурусти ин ва ё он ҳодисаи иқтисодӣ рафъ месозад.
Зикр шуд, ки забони мо дар ҳастӣ ва шинохти миллати фарҳандўст ва тамаддунсозамон нақши сарнавиштсоз дошт ва инро осори гузаштагонамон собит менамояд. Ҳамчунон ки ниёгонамон ин забони нобро то ба рўзгори мо бо як ифтихор ва хештаншиносӣ маҳфуз доштаанд, мо низ ин ҷавҳари ҳастии миллатро дар андеша, гуфтор ва кирдори наслҳо аз рўи эҳтиром ба таври ҷовидон бояд ҳифз намоем.
Дар ҷамъомад Сайфиддин Мирзоев, корманди Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии АИ ҶТ аз таърихи таҷлили Рўзи забони давлатӣ ёдовар шуда, пос доштани забони давлатиро вазифаи ҳар фарди тоҷик хонд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






