19-умин Намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ-сайёҳӣ ва инноватсионӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа доир гардид
Душанбе, 18.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кохи «Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа 19-умин Намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ-сайёҳӣ ва инноватсионӣ (НБТТИ-ЭКСПО 2016) баргузор гардид.
Дар он зиёда аз 200 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо намояндагони Донишгоҳи техникиву эҷодии Лимкоквинги Малайзия, Донишгоҳи Гисмаи Олмон, Донишгоҳи ҳуқуқи Британияи Кабир, Донишгоҳи Сабанчи Туркия ва коллеҷи Ментораи ИМА вохӯрӣ гузарониданд.
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии мазкур ҳамасола аз ҷониби ширкати муштараки Тоҷикистону Малайзия «TM-International» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






