30 ноябр-Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи иттилоот. Таъмини бехатарии иттилоотӣ воситаи асосии рушди технологияҳои муосир аст

Ноябрь 30, 2016 14:58

Душанбе, 30.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Инсоният дар тўли мавҷудияти худ як зумра инқилобҳои илмию техникиро паси сар намудааст, ки ҳар кадомашон дар камолот ва худшиносии инсон нақши амиқ боқӣ гузоштаанд. Масалан, асри сангӣ ба пайдоиши аввалин олоти меҳнат сабаб гашт, ки он заҳмати инсонро куллан дигаргун сохт. Асри биринҷӣ ба азхудкунии гудохтани металл овард, ки он дар дигаргуншавии моҳияти ҳаёти ҷамъиятӣ такони бузург буд. Ва ҳамин гуна, асри чарх ба пайдоиш ва истифодаи аробаю мошин, асри барқ ба офариниш ва истифодаи энергияи беҳамтои барқӣ, асри ядроӣ ба инкишофи омўзиши кайҳон ва энергетикаи атомӣ сабаб гаштаанд, ки онҳо меҳнати фикрию ҷисмонии инсонро миллионҳо маротиба осон гардонидаанд. Имрўзҳо мо зуд-зуд дар хусуси асри иттилоотӣ сухан меронем. Яъне, асре, ки иттилоот дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти инсонҳо нақши ҳалкунанда мебозад. Дар ҳамин замина ҳифзу нигаҳдории иттилооти захирашаванда рӯз то рӯз дар ҳоли мураккабшавист.
Маҳз ин омил сабаб гашт, то ки нахустин бор Ассотсиатсияи амрикоии таҷҳизоти компютерӣ 30 ноябри соли 1988 ин рӯзро ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи иттилоот (Computer Security Day) эълон намояд. Ҳадаф аз он огоҳонидани истифодабарандагони иттилоот аз ҳифз ва тарзи дурусти нигаҳдории иттилоотест, ки дар технологияҳои муосири комуникатсионӣ мавҷуданд. Ин рӯз бесабаб ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи иттилоот эълон нагаштааст, зеро маҳз дар ин рӯз бори нахуст соли 1988 эпидемияи «кирмак» дар тамоми компютерҳои мавҷуда паҳн шуд, ки унвони созандаи худ «Моррис»-ро гирифт. Маҳз аз он замон сар карда, ҳамагон дар фикри ҳамаҷониба таъмин кардани амнияти иттилоотии компютерҳо шуданд. Таъсири вирусҳо хеле зиёд буда, барои мисол вируси «I love you», ки соли 2000 пахш карда шуд, танҳо ба буҷаи Амрикои шимолӣ ба маблағи миллиард доллар зарар ворид кард.
Бояд гуфт, ки дигаргунии куллӣ дар сохтори геополитикии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тағйироти низоми иҷтимоӣ — сиёсӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷаҳони муосир тадриҷан ба давраи сифатан нави тараққиёт ворид мегардад. Падидаи возеҳи муосири ҷаҳонишавӣ ба ақидаи баъзе олимон «натиҷаи револютсияи иттилоотӣ телекоммуникатсионӣ» маҳсуб меёбад. Ба ин хотир аст, ки дар замони муосир барои ҳар як мамлакат таъмини бехатарии иттилоотӣ муаммои муҳим гаштааст.
Абдулвоҳид Борунов, мутахассиси «Маркази дастгирии амалиёти молиявии байнибуҷетӣ»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки бояд истифодабарандагони технологияҳои муосири иттилоотӣ барои ҳифзи иттилооти дар дастгоҳҳояшон ҳифзшаванда тадбирҳои зарурӣ андешанд. «Ҳаёти имрӯза бе истифодаи технологияҳои иттилоотии муосир номумкин аст. Чун ҳамеша аз телефонҳои ҳушманд, планшетҳо ва компютерҳо дар хона ё ҷои кор истифода мебарем ва маьлумоте, ки тавассути дастгоҳҳои мазкур қабул ва ирсол мегарданд, бояд аз ҳама гуна хатарҳо маҳфуз бошанд. Вобаста аз моҳият ва муҳимияти маълумот тадбирҳои зарурии бехатарӣ андешида шаванд. Барои ҳифзи маълумоти шахсӣ бояд компютерҳо ва ҳуҷҷатҳо рамзгузорӣ карда шаванд. Ҳамчунин аз барномаҳои зиддивирусӣ истифода бурда шуда, он мунтазам фаъол карда шавад, то ки аз хатари ҳама намуди вирусҳо маълумоти заруриамон маҳфуз бошанд».
Бо пешрафт ва инкишофи илму техника ҳамарӯза садҳо иттилооти дар дастгоҳҳои компютерӣ мавҷудбуда зери хатари маҳвшавӣ ва ё фошшавӣ қарор мегиранд. Ин гуна вазъият хоси ҳама кишварҳои мутараққии дунёст. Ба андешаи Абдулвоҳид Борунов, кишварҳои мутараққии ҷаҳон бо вуҷуди дорои ҷадидтарин таҷҳизот ва барномаҳои амниятии иттилоотӣ будан дучори рахна ва дуздии маълумоти махфӣ аз серверҳояшон мегарданд. «Имрӯзҳо рахна ва дуздии маълумоти махфӣ аз серверҳои кишварҳои мутараққии ҷаҳон зиёд ба назар мерасад. Чанде пеш дар интихоботи президентии ИМА ин гуна сару садоҳо низ баланд шуда буд, вале маълумоте, ки аҳамияти хосса доранд, тавассути шабакаҳо, моҳвораҳо ва серверҳои махсус зери назорати шадиди амниятӣ ҳифз мешаванд ва дастрасӣ ба онҳо номумкин аст».
Ҳар қадаре, ки амнияти иттилоотии мо пурқудрат бошад, ҳамон қадар метавон иттилооти дар дастдоштаро ба дурустӣ ҳифзу нигаҳдорӣ намуд. Ҳамсуҳбати мо бар ин назар аст, ки аз сабаби кам будани мутахассисони ватанӣ бояд ҷавонони болаёқатро ба ин соҳа бештар ҷалб намуд, то барои рушди соҳаи технологияи иттилоотӣ саҳмгузор бошанд.

Таҳияи Шаҳлои Садриддин

Ноябрь 30, 2016 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
ОГОҲӢ! Аз 3 то 5 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Нобиғае, ки аз замони худ садсолаҳо пештар меандешид
Ширкати «IRS»: «Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқ таъмин аст»
ШАРБАТИ САЛОМАТӢ. Олимони тоҷик истеъмоли онро барои пешгирии бемориҳои камхунӣ, ҷоғар ва диабет тавсия медиҳанд
СИРИШТИ СИНОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб
«ТОБИСТОН-2026». Дар Суғд барои шавқовар баргузор намудани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон тадбир меандешанд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН. Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак чӣ уҳдадорӣ ва ҳуқуқ доранд?
Дар Душанбе ғолибони Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» қадрдонӣ гардиданд