Қабули эътимоднома аз 14 сафири нав

Ноябрь 22, 2016 12:15

Душанбе, 22.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 14 Сафири Фавқулодда ва Мухтори кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимоднома қабул намуданд.

Дар ин рӯз ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзи дуруду шодбошиҳои роҳбарони кишварҳои худ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ, Ҷумҳурии Туркия Алӣ Рифат Коксал, Ҷумҳурии Фаронса хонум Ясмин Гуедар, Ҷумҳурии Италия Андреа Бертоззи, Ҷумҳурии Австрия Герхард Сайллер, Шоҳигарии Нидерландия Дирк Ян Кооп, Ҷумҳурии Юнон Андреас Фриганас, Ҷумҳурии Чехия Ярослав Сиро, Конфедератсияи Швейтсария Урс Шмид, Ватикан Фрэнсис Ассизи Чулликатт, Ҷумҳурии Молдова Думитру Брагиш, Ҷумҳурии Корея Квон Ён У, Ҷумҳурии Халқии Бангладш Маҷибул Раҳман Буиян ва Зеландияи Нав Иэн Александр Хилл эътимоднома супориданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони навтаъинро барои оғози фаъолияти дипломатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта изҳор дошт, ки Тоҷикистон бо доираи васеи мамолики сайёра ҳамкории судманду баробарманфиати сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитарии дуҷониба ва бисёрҷонибаро васеъ ба роҳ монда, дар ин замина ба рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи худ бо кишварҳои олами Араб, Аврупо, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Ҷанубӣ, инчунин бо кишварҳои доираи ИДМ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд.

Изҳори итминон карда шуд, ки сафирони тозатаъин барои ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон талоши бештар намуда дар рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстонаи байнидавлатӣ саҳми муносиб мегузоранд.

Ноябрь 22, 2016 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея сарфароз гардонда шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Ҳамоиши Сарони давлатҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ҳан Сон Сук мулоқот намуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сеул дар назди маҷмааи ёдгории Оромгоҳи миллии Корея гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Сеул шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ба анҷом расид