Анҷоми мавсими футболи соли 2016: «Барқчӣ» «Ҳосилот»-ро мағлуб кард

Ноябрь 15, 2016 09:01

Душанбе, 15.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар вохӯрии охирини мавқуфгузоштаи Чемпионати мамлакат оид ба футбол дар мавсими соли 2016 дирӯз дастаҳои «Барқчӣ» ва «Ҳосилот»-и Фархор дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахт бо ҳам қувва озмуданд. Бозӣ бо натиҷаи 3:1 бо ғалабаи соҳибони майдон-дастаи «Барқчӣ» ба анҷом расид.

«Ҳосилот»-и Фархор, ки аллакай соҳиби мақоми дуюм ва медалҳои нуқра гардидааст, дар вохӯрӣ бо ҳайати эҳтиётии худ рӯи майдон омад ва дар дақиқаи 21-ум тавассути голи задаи Сӯфишариф Шарифов ҳисобро кушод. Баъдан Кароматулло Саидов (32, аз зарбаи пеналтӣ) Амирҷон Сафаров (72) ва Нуриддин Ҳамроқулов (90+1) бо тӯбҳои задаашон бозиро ҷамъбаст карда, дастаи «Барқчӣ»-ро бо натиҷаи 3:1 ғолиб гардонданд. «Барқчӣ» баъди ин ғалаба бо касби 29 имитёз аз дастаҳои «Хайр» ва КМВА «Помир» пеш гузашта, ба зинаи чоруми ҷадвали мусобиқот баромад.

Бо ҳамин мавсими футбол дар соли 2016 дар мамлакат ба анҷом расид.   Ҷадвали ниҳоии мавсими соли 2016 чунин шакл гирифтааст:

    Б Ғ М Б Т/т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 18 14 3 1 67-20 45
2 «Ҳосилот» (Фархор) 18 11 4 3 40-16 37
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 18 10 2 6 36-23 32
4 «Барқчӣ» (Душанбе) 18 9 2 7 32-25 29
5 «Хайр» (Ваҳдат) 18 8 5 5 29-25 29
6 КМВА «Помир» (Душанбе) 18 8 3 7 23-16 27
7 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 18 8 1 9 22-37 25
8 «Вахш» (Кӯрғонтеппа) 18 5 3 10 21-39 18
9 «Равшан» (Кӯлоб) 18 2 3 13 17-50 9
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 18 1 2 15 14-50 5

 

Нишонзанҳои беҳтарин  Манучеҳр Ҷалилов  аз дастаи «Истиқлол»  бо 22 тӯб, Комил Саидов  аз «Барқчӣ»/«Ҳосилот» бо 12 тӯб  ва Ромиш Ҷалилов  аз «Регар ТадАз» бо 10 тӯб мебошанд.

 

Ноябрь 15, 2016 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид