Аз ҳаёти «ситораҳо»-и варзиш ё шартномаи ҳангуфти Роналдо бо ширкати NIKE ба имзо расид
Душанбе, 17.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Футболбози шӯҳратёри португалии КФ «Реал»-и Мадрид Криштиано Роналдо шартномаи умрбодии худро бо ширкати NIKE-истеҳсолкунандаи либосҳои варзишии Амрико ба имзо расонд. Дар ин бора сомонаи «101greatgoals.com.» хабар медиҳад.
Аз рӯи ин шартнома ҳар сол ширкати NIKE ба Роналдо 24 миллион доллар тақдим мекунад. Бо ин маблағ ӯ то ба синни 73 расиданаш соҳиби як миллиард доллар мегардад.
Ин сеюмин шартнома дар таърихи варзиши ҷаҳон аст, ки бо бозингарон баста мешавад. Аз ин пештар чунин шартнома бо баскетболбозони амрикоӣ Майкл Ҷордан ва Леброн Ҷеймс ба имзо рсида буд. Дар бораи маблағи шартномаҳо бо ин бозингарон маълумоти муфассал нарасидааст.
Криштиано Роналдо бо ширкати NIKE аз соли 2003 ҳамкорӣ дорад ва бо дастаи «Реал»-и Мадрид 6-уми ноябр шартномаашро то соли 2021 дароз кард. Дар бораи маблағи шартномаи нав бо «Реал» чизе гуфта нашудааст.








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






