Баргузории ҷаласаи кишварҳои ИДМ оид ба алоқа дар Душанбе
Душанбе, 17 .11.16. /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи сохторҳои қудратии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти алоқа дар Кохи афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Эмомалӣ Собирзода зикр намуд, ки «дар ҷаҳони имрўз алоқа яке аз воситаҳои асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб ёфта, дар Қувваҳои мусаллаҳ низ нақши муҳиму арзанда мебозад».
Миёни иштирокчиёни ҷамъомад табодули иттилооту таҷриба, омўзиши малакаву маҳорати касбӣ, густариши ҳамкорӣ мувофиқ ба талаботи ҷаҳони муосир ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи алоқаи ҳозиразамон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
«Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мувофиқгардонии алоқа бо ҷаҳони муосир дар тамоми сохторҳои таркибии хеш пайваста тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ менамояд»,-хабар дод манбаъ.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






