Барномаи «Grassroots»-и ФИФА дар шаҳри Душанбе идома дорад
Душанбе, 16.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 14-уми ноябр сар карда, дар шаҳри Душанбе барномаи нави ФИФА бо номи «Grassroots», ки мақсадаш оммавӣ гардонидани футбол мебошад, идома дорад. Беш аз 20 коршиносу мураббиёни кӯдакону наврасони мамлакат давоми се рӯз аз коршиноси ФИФА Александр Чернухо (Беларус) машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ меомӯзанд.
Ёдрас бояд шуд, ки татбиқи ин гуна барномаҳо дар кишвари мо бори аввал нест. Ҳанӯз соли 2014, дар замоне ки дар Тоҷикистон соли оммавии футбол эълон гардида буд, бо лоиҳаи ин барнома ба кӯдакону наврасони тамоми манотиқи мамлакат беш аз 5000 тӯбҳои бозӣ тақдим шуда буд.
Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии пойтахт ин барнома бо баргузории фестивали кӯдакону наврасон ҷамъбаст мегардад.








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






