Баррасии ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи сиёсат ва ҳуқуқи Шанхай дар ВКХ ҶТ

Ноябрь 9, 2016 08:48

Душанбе, 9.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябри соли 2016 муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдод ҳайати Донишгоҳи сиёсат ва ҳуқуқи Шанхайро бо роҳбарии ректори он хонум Лю Сяохун ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳолати ҳозираи ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва дурнамои рушди онҳо, хусусан дар соҳаи таъмини амният, инчунин оид ба боло рафтани эътибори ин Созмон дар корҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табодули назар карданд.
Мавриди таваҷҷуҳи ҳамсуҳбатон ҳамчунин фаъолияти Маркази омодасозии байналмилалии ҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ барои СҲШ, ки дар назди Донишгоҳи номбурда амал мекунад, инчунин чорабиниҳое, ки дар ин муассиса барои давлатҳои аъзои СҲШ гузаронида мешаванд, қарор гирифтанд.

Ноябрь 9, 2016 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид