Баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва БРСММ

Ноябрь 24, 2016 08:54

Душанбе, 24.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо ҳамоҳангсози доимии тозатаъйини СММ ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Мехта 23 ноябр дар Душанбе мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва БРСММ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Вазири корҳои хориҷӣ аз БРСММ барои кумак дар раванди таҳияи «Стратегияи нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» ва баргузории Ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он (9-11 августи 2016, ш. Душанбе) арзи сипос намуд»,- гуфта мешавад дар иттилоияи ВКХ ҶТ.

Дар анҷоми суҳбат П. Мехта эътимодномаи худро ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.

Ноябрь 24, 2016 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад