Боздиди намояндагони ширкатҳои сайёҳии Ҳиндустон аз Тоҷикистон
Душанбе, 03.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. 1-уми ноябри соли равон зиёда аз 20 намояндаи ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Ҳиндустон барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии кишвари мо ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ризо Назарзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ иброз дошт, ки: «кӯшиш мекунем имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро хуб муаррифӣ кунем ва бовар дорам, ки баъд аз бозгашт шумо дар бораи зебоиҳои Тоҷикистон ба ҳамватанони худ қисса хоҳед кард».
Гуфта шуд, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми тадбиқкунандаи сиёсати давлатии соҳаи туризм ба густариш ва таҳкими муносибатҳо дар соҳаи туризм байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳавасманд буда, ба дурнамои шиносоӣ бо таъриху фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои ҳар ду кишвар аҳамияти хоса медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар 9 моҳи соли равон аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон 665 нафар сайёҳ ташриф овардаанд.








Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад






