Бозии рафиқонаи Тоҷикистон ва Афғонистон: Голи Манучеҳр Ҷалилов ба Тоҷикистон ғалаба овард
Душанбе, 14.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар вохӯрии рафиқонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Афғонистон, ки шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ягона голи ҳамлагари мунтахаби мамлакат Манучеҳр Ҷалилов ғалабаро ба нафъи Тоҷикистон ҳал кард. Қисми аввали бозӣ бо ҳунарнамоии баробари дастаҳо бе кушодани ҳисоб ба анҷом расид. Баъди он, ки дар нимаи дуввум сармурабии дастаи мунтахаби кишвар Ҳаким Фузайлов дар ҳайати даста тағйирот ворид кард, бозии бачаҳои мо беҳтар шуд ва ҳуҷумҳои пайдарпайи онҳо натиҷа овард. Дар дақиқаи 74-ум хатои муҳофизатгарони дастаи мунтахаби Афғонистонро Манучеҳр Ҷалилов истифода бурда, ҳисобро кушод. Ин голи чоруми Манучеҳр дар ду бозии охирини дастаи мунтахаб мебошад.
Ба ҳамин тартиб, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии охирини худро дар соли 2016 бо ғалаба ҷамъбаст карда, тайёриро ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё ба анҷом расонд.
Дастаҳо бо ин ҳайат бозӣ карданд:
Тоҷикистон: Алишер Додов, Эраҷ Раҷабов, Давронҷон Эргашев, Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Алиев (Муҳаммадҷони Ҳасан, 83), Нозим Бобоҷонов (Фатҳулло Фатҳуллоев, 54), Искандар Ҷалилов (Амирбек Ҷӯрабоев, 42), Аҳтам Назаров, Парвизҷон Умарбоев (Бахтиёр Чориев, 86), Манучеҳр Ҷалилов (Аҳтам Ҳамроқулов, 86), Муҳсинҷон Парпиев (Сиёвуш Асроров, 54).
Афғонистон: Азизи Овайс, Алихил Абосин, Амин Ҳасан, Сайҳуни Масиҳ, Амири Зубайр, Файсал Шоиста (Шарифи Амируддин, 86), Амири Нуруллоҳ (Задран Нур, 66), Ҷамоли Мӯҷиб (Азодзой Мустафо, 80), Хатифи Аҳмад Ораш, Салим Милод, Тоҳир Каничка (Ҳакими Фардин, 80).








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






