Буҷети давлатӣ дар зарфи нуҳ моҳи соли равон 97 фоиз иҷро гардид
Душанбе, 03.11.2016/АМИТ «Ховар»/. «Афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ /ММД/ дар кишвар дар зарфи нуҳ моҳи соли равон 6,7 фоизро ташкил намуд, ки он ба 37,9 млрд. сомонӣ баробар гардид. Ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 млрд. сомонӣ зиёд аст». Матлаби мазкур 3 ноябр зимни муҳокимаи парлумонӣ, ки марбут ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» дар 9 моҳи соли 2016 буд, баён гардид. Муҳокимаи парлумонӣ таҳти раёсати Абдуҷаббор Азизӣ, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо ҳузури блоки иқтисодии кишвар ва вакилони Парлумон доир гардид.
Таъкид шуд, ки дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 16 фоиз, кишоварзӣ 6,8 фоиз, гардиши савдои чакана зиёда аз 7 фоиз ва сохтмон 22 фоиз афзоиш ёфтаанд. Бо дахли таъсири буҳрони молиявӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт зикр шуд, ки идомаи вазъи ногувори иқтисодиёти кишварҳои шарики иқтисодии Тоҷикистон, бахусус Русия, боиси коҳиши интиқоли маблағҳо ва гардиши савдои хориҷӣ гардида, ба иҷрои Буҷети давлатӣ таъсири манфӣ расонид. Дар натиҷа, иҷрои буҷети давлатӣ дар 9 моҳи соли равон 97 фоиз ва ҳаҷми он 12567,8 млн. сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба нақша 387,6 млн. сомонӣ кам мебошад. Дар ин давра мақомоти андоз нақшаи даромади буҷетро 99,6 фоиз таъмин намуда, ба он 6164,4 миллион сомонӣ ворид намуд, ки ин нисбат ба нақша 24,7 миллион сомонӣ кам мебошад. Аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба буҷет 2683,9 млн. сомонӣ ворид гардид, ки ин 87,6 фоизро ташкил дода, нисбат ба нақша беш аз 378 миллион сомонӣ кам аст.
Дар фарҷоми муҳокимаи парлумонӣ вакилони Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаи баррасигардида бо назардошти таклифу пешниҳод ва эродҳое, ки дар маърӯзаву баромадҳо зикр гардиданд, қарор ва тавсияҳо қабул карданд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






