Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар Лигаи олӣ дар соли 2017: 8 даста дар се марҳала бозиҳоро барпо мекунанд

Ноябрь 30, 2016 10:32

Душанбе, 30.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар Лигаи олӣ бо ширкатии 8 даста дар се марҳала баргузор мешавад. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), дар ҷаласаи мақомот ва роҳбарони клубҳои футболи Лигаи олӣ масъалаи ба тарз ва шакли нав гузаронидани мусобиқа дар соли 2017 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
«Талаботи футболи байналмилалӣ, ки литсензиякунонии дастаҳои футболро ҳатмӣ мешуморад, зери қонунҳои худ ҳама федератсияҳоро сарҷамъ кардааст. Дар мавсими соли 2017 дар мамлакати мо низ дастаҳое ба Чемпионати Тоҷикистон роҳ дода мешаванд, ки ба талаботи ин ниҳод ҷавобгӯ ҳастанд»,-хабар дод манбаъ.
То кунун дар Тоҷикистон танҳо се-чор дастаи футболро номбар кардан мумкин аст, ки ба ин меъёрҳо ҷавобгӯ ҳастанд. Дастаҳои боқимонда, ки шумораашон дар Лигаи олӣ то ба имрӯз ба 11 адад мерасад, барои ноил шудан ба литсензияи иштирок дар Чемпионати Тоҷикистон бо ҳам мубориза хоҳанд бурд.
«Футбол дар мавсими нав аз баргузории вохӯрӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон бо ширкати дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Ҳосилот»-и Фархор 25 феврал оғоз мегардад. Бозиҳо дар Лигаи олӣ тибқи тақвим аз 1 март шурӯъ хоҳанд шуд»,-омадааст дар иттилоияи ФФТ.

Ноябрь 30, 2016 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид