Дар Душанбе Форуми дуюми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор мегардад

Ноябрь 1, 2016 16:43

Душанбе, 1.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябри соли 2016 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми дуюми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор мегардад.
Баргузор намудани Форуми миллӣ ба 22-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, идомаи Форуми якуми миллии муваффақест, ки соли 2015 ташкил шуда буд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар форум масоили вобаста ба самтҳои асосии рушди қонунгузорӣ ва таҷриба дар соҳаи адлия, мушкилоти рӯзмарраи ҳуқуқҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноӣ, инчунин соҳибкорӣ ва андозбандӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Илова бар ин, масоили марбут ба уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон муҳокима карда хоҳанд шуд. Дар кори Форум намояндагони сохторҳои давлатӣ, доираҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд иштирок мекунанд.
Дар доираи баргузории Форум қабули Эъломияи душанбегии Форуми дуюми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Созмондиҳандагони Форум Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, он бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, филиали Ассотсиатсияи «Ҳелветас Свисс Интеркооперейшен» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ташкил шудааст.

Ноябрь 1, 2016 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе